Иди сайиди Фитр ба рӯзи ҷумъа рост омад
Душанбе, 13.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Иди сайиди Фитрро соли равон мусулмонони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа -17-уми июл таҷлил менамоянд. Дар иртибот ба ин субҳи рӯзи ҷумъа дар тамоми масоҷиди ҷомеи кишвар соати 6:30 дақиқа намози Иди Фитр баргузор мегардад, ки аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон мужда медиҳад. Тавре ки аз Шӯрои уламои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласае, ки имрӯз таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода -раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон доир гардид, қарори марбута қабул карда шуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои уламо бо дахли фазилатҳои нек ва муқаддаси иди саиди Фитр зикр шуд, ки баъди намози иди Фитр боздид аз оромгоҳон ва даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон, ятимон ва дар маҷмӯъ хайру эҳсон ба ин қишри ҷомеа аз рисолатҳои иди Фитр аст. Ҳамзамон дар масъалаи роҳ надодан ба худнамоию исрофкорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр зимни густурдани хони идона сухан рафт. Таъкид шуд, ки дар ин масъала бояд намояндагони Шӯрои уламо ва рӯҳониёни кишвар ба мардум намунаи ибрат бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар асоси тасмими Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақаи Фитр тибқи ҳисоби шаръии нисоби закот 12 ҳазору 200 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки аз ин миқдор маблағ мусулмонон 305 сомонӣ бояд закот диҳанд. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 4 сомонӣ муайян гардидааст. Ҳамзамон фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазон дар соли 2015 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ муайян шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






