Идомаи шиносоии Сарвари давлат бо сохтмони НБО Роғун

Июль 16, 2015 07:55

  Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Рӯзи дуюми сафар ба шаҳри Роғун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар минтақаҳои дигари бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию  сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми нерӯгоҳ басанда аст.
Зикр карда шуд, ки то 1-уми июли соли 2015 аз мавзеъҳои зериобмонанда 30 миллиону 700 ҳазор метри мукааб сангу шағал ба анборҳои дар баландиҳо ҷойдошта кашонда, захира карда шудааст ва ин кор бомаром идома дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра пурсон шуда, ба масъулин барои муҳайёсозии беҳтарин шароит супоришҳои иловагӣ дод.
Коргарону мутахассисони нерӯгоҳ изҳор доштанд, ки вусъат бахшидани корҳо дар ин иншоот, иҷрои саривақтии нақшаи тақвимӣ, риояи технологияи иҷрои корҳо, талаботи меъёрҳои амалкунанда ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ҳамеша таҳти назорат қарор доранд.  
Дар ҷараёни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки корҳо дар ҳама ҷо бо сифати баланди ҷавобгӯй бо стандартҳои байналмилалӣ, тибқи тавсияҳои коршиносони муътабари Бонки ҷаҳонӣ ва бо рӯҳияи баланди бунёдкорию созандагии бинокорон идома доранд.
Пас аз анҷоми шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозӣ мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун дар назар аст.

 

Июль 16, 2015 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид