Ифтитоҳи нахустин майдони картинг дар Хоруғ
Хоруғ, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Бори нахуст дар шаҳри Хоруғ маҳфили картингбозӣ роҳандозӣ шуд. Карт як намуди мошини хурди варзишӣ буда, бори нахуст онро дар Амрико ихтироъ кардаанд.Сардори бошгоҳи техникию варзишии вилоят Зафар Имомдодов гуфт, ки бо дастури Президенти кишвар ба бошгоҳи мо 5 мошини навъи карт ва ҳамин миқдор либосҳои махсуси варзишӣ такдим шуданд.
Бошгоҳи техникию варзишии вилоят ба мақсади ташкили маҳфили картингбозӣ майдончаеро дар мавзеи Бизмич ба иҷора гирифта, онро асфалтпӯш намуд. Устои бошгоҳи мазкур Спинёр Алиёров бо изҳори минатдорӣ аз Сарвари давлат аҳамияти ин намуди маҳфилро барои рушди барвақтии кӯдакону наврасон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки онҳо дар оянда бидуни мушкил мошинҳои мухталифтамғаро идора карда метавонанд. Барои ҷавонони то синни даъватӣ дар бошгоҳи техникию варзиши омузиши касби ронандагӣ ройгон ба роҳ монда шудааст ва имсол бештар аз 50 нафар соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд.
Таърихи мухтасари ба вуҷуд омадани картҳо чунин аст: Дар аввали солҳои чилуми асри гузашта сарнишинони тайёраҳои ҳарбӣ дар кишвари Амрико хангоми интиқоли бомбаҳо ба назди тайёра аз ароба истифода мекарданд, ки ин муҳлати зиёдро талаб мекард. Бо мурури замон ин сарнишинон барои кашондани бомба мошини хурдеро ихтироъ карданд, ки баъдан ҳам дар миёни кӯдакону наврасон ва ҳам калонсолон ҳаводорони зиёдро пайдо намуд. Ҳоло бештар аз 100 ширкати мошинсозӣ дар ҷаҳон ба тавлиди карт машғул мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






