Имзои 20 созишномаи ҳамкорӣ дар доираи ярмаркаи «Суғд — 2015»
Хуҷанд, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, 25 июл зимни як нишасти матбуотӣ аз Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» натиҷагирӣ шуд. Ярмарка рӯзҳои 24-25-уми июли соли равон дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд ҷараён гирифта, дар он намояндагони 17 кишвари ҷаҳон ва 14 созмони байналмиллалӣ иштирок намуданд. Муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ изҳор дошт, ки баргузории ярмарка тавонист роҳи бозорҳои ширкатҳои ватаниву хориҷиро фарох намуда, барои пайдо намудани шарикони истеҳсолӣ шароит фароҳам оварад, зеро дар ин ярмарка 110 корхонаву ширкат ва 150 хоҷагии деҳқонӣ ширкат варзида, соҳибкорони тоҷик маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта, бо ҳамтоёни хориҷии худ мулоқот анҷом доданд.
Ҳамзамон Анвар Яъқубӣ ёдовар шуд, ки дар Қасри Арбоб дар доираи Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» Форуми чоруми минтақавии тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» баргузор гардид.
Дар доираи Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» миёни соҳибкорони тоҷик ва соҳибкорони хориҷӣ дар маҷмӯъ беш аз 20 созишнома ва шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Зикр гардид, ки ин ташаббусҳои созанда дар оянда ба нафъи ҷонибҳо буда, дар рушди иқтисодиёти кишварҳо таъсири амиқи худро мерасонад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






