Имзои барномаи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ

Июль 22, 2015 02:37

Душанбе, 22.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 21 июли соли 2015  маросими табодули Ёддоштҳо байни вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷидин Аслов ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада оид ба Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯбаи кумакҳои бебозгашти Япония баргузор гардид.
Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур Созишномаи грантӣ байни  вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ Киёши Ишии ба имзо расид.
Барномаи омӯзишии рушди захираҳои инсонӣ  ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои қонунгузорӣ, иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Барномаи мазкур дар ростои кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди захираҳои инсонии кишвар таҳия шуда, ба кормандони ҷавон имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

Июль 22, 2015 02:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!