Интиқоли беш аз 2 ҳазор тонна бор аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ
Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар ҷамъбасти нимсолаи худ дар сурати гусел ва қабул ба 921 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд.
Суҳроб Мирзоев, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон 30-юми июл дар ҷамъбасти нимсолаи вазорат гуфт, ҳаҷми интиқоли бор ва почта аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ дар ин давра 2034,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусофирбарӣ 20,4 фоиз кам ва боркашонӣ 34,8 фоиз зиёд гардидааст.
Ба гуфтаи мавсуф саҳми ширкатҳои нақлиёти ҳавоии ватанӣ 38,2 фоизро ташкил медиҳад.
-Дар нимсолаи аввали соли 2015-ум аз ҳисоби фаъолияти нозиротию танзимӣ 7,6 млн. сомонӣ ба даст оварда шуда, барои фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 8040 иҷозатнома дода шудааст. Ҳоло дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 18371 субъекти иҷозатномадор фаъолият дорад,-иброз дошт Мирзоев ба хабарнигорон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2015.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






