Исфара: иқдоми нек дар самти ободонии ҳолати роҳҳо
Исфара, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҳирҷон Искандарзода).-Дар ҷамоатҳои деҳоти Навгилем ва Кӯлканди шаҳри Исфара навсозӣ ва таъмири куллии 1 километр роҳи самти Исфара-Ботканд оғоз шуд, ки он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ амалӣ мегардад.
Татбиқи силсилаиқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр барои беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳои мошингарди шаҳру деҳот, алалхусус таъмиру навсозии роҳҳои дохили маҳаллаҳо боиси ризоият ва қаноатмандии мардум гаштааст.
Бояд тазаккур дод, ки анҷомбахшии навсозӣ ва таъмири куллии 1,2 км роҳи кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафуров, 800 метр роҳи байни 2 чорроҳа ва бурриши кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Абдуллоеви маркази шаҳр, роҳи Гулистон-Кӯлканд ва чорроҳа ва буриши кӯчаҳои Абдуллоев- Бобоҷон Ғафуров тақвиятбахшандаи ташаббусҳои бунёдкорона дар самти ободонии роҳҳои Исфара гардиданд.
Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр Абдухаллоқ Абдусатторов то 12 июли соли 2015 наздик ба 5 км роҳҳои шаҳру деҳоти Исфара навсозию таъмири куллӣ, 56 километр таъмири ҷорӣ ва 20 километр шағалпӯш гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






