Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ
Душанбе, 06.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 6 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) кори худро оғоз намуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок дорад.
Дар ҷаласаи номбурда мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (Уфа, 09-10 июли соли 2015) пешниҳод мешаванд, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти созмон мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






