Ислоҳоти идоракунӣ ва сохторӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк»
Дшанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Агроинвестбонк» оид ба ислоҳоти идоракунӣ ва сохтории бонк корҳоро оғоз менамояд. Бо ин мақсад дар Саридораи Бонк таҳти сарварии раиси бонк Муродалӣ Алимардон гурўҳи корӣ таъсис шудааст. Гурўҳи корӣ бояд лоиҳаи сохтори нави бонкро дар муҳлати муайяншуда омода намуда, ба Раёсати бонк пешниҳод созад.
Дар айни замон дар низоми ҶСК «Агроинвестбонк бештар аз 2600 корманд кор мекунад. Бонк дар ҳоло дорои 61 филиал, 60 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 165 нуқтаи интиқоли маблағҳо мебошад, ки дар тамоми манотиқи кишвар воқеъ гардидаанд ва фаъолият мебаранд.
Ҳадаф аз ислоҳоти идоракунӣ ва сохтории бонк боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти кормандон дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб дар фаъолият ва ҳамчунин пешниҳоди маҳсулоти сифатан нави бонкӣ ба мизоҷон ва аҳолии кишвар мебошад.
Мизоҷони бонк низ метавонанд мулоҳизаҳои худро оид ба бомуваффақият ва сари вақт анҷом додани ислоҳоти идоракунӣ ва сохтории ҶСК «Агроинвестбонк» тавассути почтаи электронии E-mail: info@agroinvestbank.tj пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






