КҲФ: вазъият зери назорат аст
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 24 июли соли 2015 тахминан соати 10:30 оби дарёи дараи Висхарви ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз баланд гардида, дар натиҷа ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони деҳаи Хурки ҷамоати деҳоти мазкур Шералӣ Назиров ва Музаффар Нотавонов, ки бар асари фаромадани сели рӯзи 22 июл қисман зарар дида буданд, такроран об даромад. Ба ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷамоат сафарбар гардид. Ба аҳолии зарардида аз ҳисоби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз 200 литр сӯзишвории дизелӣ, 50 халта орд, 30 кг гӯшт, шакару нон ва дигар маводи зарурӣ дасрас карда шуд.
Рўзи 24 июли соли равон соати 19:25 дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи боридани борони шидатнок ва жола аз кӯҳ сел фаромада, ба 6 хонаи истиқоматӣ, 10 иншооти ёрирасон ва 40 қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон хисороти зиёд расонидааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин рӯз ҳамчунин соати 07:40 бар асари гармшавии ҳаво дар чанд рўзи охир ва обшавии пиряхҳо сатҳи оби дарёи Зарафшон аз меъёр баланд шуда, як пули мошингузар, ки деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро бо деҳаҳои Дашти Оббурдон мепайвандад, зери об монда, пурра вайрон намуд.
Ҳоло сокинони ин деҳаҳо аз роҳи муваққатӣ истифода бурда истодаанд.
Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия сафарбар гардида, маълумоти иловагӣ пешниҳод мешавад.
Ба иттилои Кумитаи ҳалатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои зарардида ҳоло вазъият зери назорат буда, корҳои барқарорсозӣ бо вусъат идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






