Кӯлоб: Қасри фарҳанг навсозӣ гардид

Июль 2, 2015 10:33

Кӯлоб, 02.07.2015. (АМИТ»Ховар»,  Сулаймони Хол).- Имрӯзҳо  дар шаҳри  Кӯлоб    омодагӣ ба ҷашнҳои  700- солагии  аломаи  машриқзамин  Мир  Саид Алии  Ҳамадонӣ, 70- солагии  Донишгоҳи  давлатии  Кӯлоб  ба  номи  Абӯабдуллоҳ  Рӯдакӣ  ва   пойтахти фарҳангии  давлатҳои  ИДМ  интихоб  гардидани  шаҳри  Кӯлоб  дар  соли 2015  ҷараён дорад. Ба  ин  муносибат  Қасри  фарҳанги  шаҳр  навсозӣ гардид. 
     Ҳоло дар  қасри  мазкур  як    силсила чорабиниҳои  фарҳангӣ   аз  ҷониби    ансамблҳои  фаъолиятдошта    бахшида  ба  санаҳои  муҳими  таърихӣ дар  сатҳи  баланд   ва  бо  тайёрии  хуб   доир  гардида ва ҳунармандон ба ҷашнҳои дар пешистода омодагии ҷиддӣ мегиранд. Дар  барномаҳо бештар   аз  асбобҳои  халқӣ,  аз  қабили  дафу доира,  рубобу дутор, най ва  дигар  асбобҳои  миллӣ истифода мебаранд.

Июль 2, 2015 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш