Кӯлоб: Баррасии сифати маҳсулоти хӯрокворӣ
Кӯлоб, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар нишасти матбуотие, ки бо иштироки намояндагони ВАО ва масъулини Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб баргузор шуд, масъалаҳои сифати маҳсулоти хӯрокворӣ, ченак, қонуншиканӣ дар самти фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум, ташхиси маҳсулоти нафтӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор баррасӣ шуданд. Сардори раёсати мазкур Ҳикматулло Сафаров гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон дар маҷмӯи агросаноатӣ фаъолияти 144 корхонаву ташкилот ва соҳибкорон санҷида шуда, бинобар надоштани сертификати мутобиқат 24 соҳибкор ҷарима шуда, ба онҳо сертификат дода шуд. Дар бахши молҳои ниёзи аввал 154 корхонаю ташкилот ва соҳибкорон санҷида шуда, 19 корхонаю ташкилот, 26 сехи дару тирезаи пластикӣ, 21 сехи барориши хишти сементӣ, 2 сехи истеҳсоли мебел ва 82 нуқтаи савдо соҳиби сертификат шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






