Кӯлоб: дар 4 иншооти тандурустӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд
Кӯлоб, 11.07.2015(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани вазъи солимии аҳолӣ ва бо дорувору таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, иҷрои “Барномаи мубориза бар зидди бемориҳо”, хусусан бемориҳои сироятии сил корҳои муайян ба сомон расида, пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Дар айни замон дар ноҳияи Кӯлоб дар 4 иншооти тандурустӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ин давра 168 ҳазор бемор аз тарафи марказҳои саломатии шаҳру деҳот қабул гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,9 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 94 бемори сил, 34 бемори гирифтори ВНМО (СПИД) ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии гирифторони ВНМО ба 552 нафар расидааст. Яке аз роҳҳои паҳншавии бемории мазкур нашъамандӣ буда, шумораи нашъамандон 557 нафарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






