Кӯлоб: фарогирии омӯзгорон ба бозомӯзӣ
Кӯлоб, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Аз ҳисоби фармоишгар-Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкори инфиродӣ Илҳом Сафаров дар муассисаи давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Кўлоб корҳои таъмиру тармим оғоз гардиданд.
Бино ба иттилои директори муассисаи мазкур корҳои рангуборкунӣ дар ҳамаи утоқҳои корӣ ва роҳрави бино бо қувваи кории кормандон ҷараён доранд. Дар як қисмати утоқҳои машғулиятгузаронӣ дастгоҳҳои муосири таълимӣ насб шудаанд.
Ба омӯзиш фаро гирифтани омӯзгорон дар соли ҷорӣ аз моҳи август оғоз меёбад ва тибқи нақшаи таълимии донишкада ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина кормандони соҳа ба машваратҳо ҷалб мегарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






