Кӯлоб: қисмати зиёди роҳҳо таъмир гардиданд

Июль 14, 2015 09:23

Кӯлоб, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди  минтақаи Кӯлоб» таъмири 2 398,43 км роҳҳои  истифодаи умумиро  бар зимма дошта, то ин давра қисми зиёди роҳҳоро аз таъмири ҷорӣ баровард,- гуфт сардори муассисаи мазкур Рустам Валиев. Ба гуфтаи мавсуф, дар шаш моҳи соли равон ба воситаи  муассисаҳои зертобеъ 454 км  роҳи мошингард аз таъмири асосӣ   бароварда шуд, ки маблағи умумӣ дар ҳамаи  бахшҳои роҳсозӣ 4 млн. 650 ҳазору 401 сомониро ташкил медиҳад.  Дар ин давра аз ҷониби кормандон  10 адад пул ба дарозии  128 м, 8 адад қубур ба дарозии 113 м таъмиру барқарор гардида, инчунин 8,84 км роҳҳои мошингард аз таъмир бароварда шуданд. 
Аз ҳисоби  маблағҳои Вазорати нақлиёт  дар минтақаи Кӯлоб  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  дар пули 14 км-и  роҳи мошингарди Кӯлоб- Муъминобод, Қурғонтеппа -Данғара  ба маблағи 98 ҳазору 161 сомонӣ  ба итмом расида, ҳоло корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмири роҳҳо  дар роҳҳои мошингарди Данғара-Кангурт- Балҷувон, барқарорсозии роҳҳои мошингарди  Душанбе- Кӯлоб- Хоруғ ва барқарорсозии  роҳҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ идома доранд.

 

Июль 14, 2015 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид