«Кабоол-тоҷик-текстайлз» дубора фаъол мешавад

Июль 13, 2015 12:16

Хуҷанд, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Сугд иттилоъ доданд, дар вилояти Суғд барои истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҳои зарурӣ амалӣ  мешаванд. Яке аз корхонаҳое, ки тибқи супориши Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд пахтаи ватаниро коркард намуда, дубора фаъолияти худро роҳандозӣ намояд, корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз»-и шаҳри Хуҷанд аст.
Баъди баррасии чанд лоиҳаи барқарор намудани коргоҳ, бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳоло корҳои навсозӣ дар ин корхона шурӯъ шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз корхонаи мазкур дидан кард. Корхонаи мазкур, ки дар давоми чанд соли фаъолият нахи пахта ва матои босифат истеҳсол менамуд, аз соли 2008 аз фаъолият бозмонда буд. Дар корхона зиёда 2300 нафар дар се баст машғули кор буда, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ҳоло дар заминаи корхонаи мазкур ҶСШП «Ресандаи Тоҷикистон РБТ» таъсис ёфта, зиёда аз 70 нафар мутахассис ба корҳои барқарорсозӣ ва ивази қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти мавҷуда машғул аст. Корҳои омодасозӣ ба фаъолияти дубора бо роҳбарии мутахассисони олмонӣ аз ширкати «BIMAKO» сурат гирифта, то имрӯз корҳои асосии нақшавӣ дар марҳилаи анҷомёбианд.
Корхона ният дорад баъди анҷоми корҳои навсозӣ дар марҳилаи аввал истеҳсоли нахи пахтаро ба роҳ монда, зиёда аз 500 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.
Дар назар аст, ки корхона моҳи август фаъолияти худро дубора оғоз намояд.

 

 

Июль 13, 2015 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид