«Кадбонуи беҳтарин»-озмун барои занону духтарони ҷавон
Тавилдара, 25.07.2015. АМИТ «Ховар», Зебо Давлатзода).- Соли 2015-ро соли оила эълон намудани Сарвари давлат дар тамоми кишвар дастгирӣ ёфта, дар робита ба он чорабиниҳои зиёд амалӣ гардонида мешаванд.
Ба гуфтаи сардори бахши занон ва оилаи назди мақомоти ноҳия Сабоҳат Тоҳирова, дар давоми 6 моҳи соли равон бо дастгирии мақомоти ноҳияи Тавилдара дар 5 ҷамоати деҳот бахшида ба соли оила-2015 озмунҳои зиёд гузаронида шуданд, аз ҷумла озмуни «Кадбонуи беҳтарин», ки дар он занону духтарони ноҳия иштироки фаъол доштанд.
Мақсад аз баргузории озмунҳо миёни бонувон-ин фаҳмонидани ҳаёти оилавӣ, ба зиндагии мустақилона омода намудани бонувон, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, инчунин аз зиндагии ибратбахши оилаҳои намунавӣ панд гирифтани бонувони ҷавон мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






