Кадом ширкатҳо қарздорони калони андозанд?
Душанбе, 20.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо 153,2 миллион сомонӣ дар сархати қарздорони калони Кумитаи андоз қарор дошта, зинаи дуюм ва сеюм мутааллиқ ба «Ширкати алюминийи Тоҷик» бо 41,6 миллион сомонӣ ва ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» бо 33,2 миллион сомонист.
Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода 20 июл дар нишасти матбуотӣ бо дахли масъалаи бақияи қарзи андозҳо дар миқёси кишвар гуфт, ки: — то ҳолати 1 июни соли равон бақияи қарзи андозҳо дар ҷумҳурӣ 701,8 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба аввали сол 83 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
Инчунин дар раддабандии номгӯи корхонаю ширкатҳое, ки аз андоз нисбатан қарзи калон доранд, корхонаҳои «Алюминсохтмон»- бо 10,2 миллион сомонӣ, «Ресандаи Қӯрғонтеппа» -9,8 миллион сомонӣ, ҶСК «Лаъл» -6,8 миллион сомонӣ, КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» -5,1 миллион сомонӣ, ҶСК «Ангишт» -5,7 миллион сомонӣ, «Тоҷиказот» бо 4,5 миллион сомонӣ қарор доранд. Ҳамзамон корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва объёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ -19 миллион сомонӣ ва корхонаҳои зертобеи КВД « Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 17,2 миллион сомонӣ аз андоз қарздор мебошанд.
Дар посух ба ин савол, ки Кумитаи андози кишвар дар мавриди корхонаю ширкатҳое, ки аз андоз қарздори калон мебошанд, чӣ чораҳо меандешад? Нусратулло Давлатзода гуфт, ки дар ин давра мақомоти андози кишвар бо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин ҷиҳати маҷбуран рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо 1307 қарор ба маблағи 611 миллион сомонӣ қабул намуд, ки дар натиҷа аз ҳисоби ин қарорҳо ва қарорҳои дар соли 2014 қабулгардида ба буҷети кишвар 90,5 миллион сомонӣ маблағи андоз ворид карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ афзуд, ки асосан аз андоз он корхонаю ширкатҳое қарздоранд, ки онҳо давлатию саҳҳомӣ мебошанд ва ба мушкилоти молиявӣ мувоҷеҳ гардидаанд ва бақияи қарзи андози онҳо рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Н. Давлатзода афзуд, ки дар самти ҷамъоварии андозҳо аз корхонаҳое, ки аз андоз қарздори калонанд, мушкилиҳои зиёд дорем, баъзан суратҳисобҳояшонро маҳкам мекунем, инчунин дар доираи ваколатамон созишнома ҳам мебандем, то корхонаҳо бояд фаъолият намоянд. Баъзан ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат менамоем. Лекин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, зеро вазъи молиявии корхонаҳо имконият намедиҳад, ки бақияи қарзи андозҳо рӯёнида шавад. Инчунин раиси Кумитаи андоз таъкид кард, ки вазъи қиёсии бақияи карзи андозҳо дар воридоти умумии дохилӣ кам гашта истодааст. Агар солҳои пеш нишондиҳанда 20%-ро ташкил медод, соли 2013 -ум 13, 7% ва шояд дар соли 2015 аз ин ҳам пасттар шавад, афзуд Н. Давлатзода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






