Канали Фарғона аз партовҳо тоза гардид
Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳашари умумӣ баромада, канали калони Фарғонаро, ки дар давоми ду сол инҷониб аз партовҳо ва обсабзҳо тоза нашуда буд, ба таври ҳашар аз партовҳо ва алафҳои худрӯй тоза карданд.
Бояд зикр намуд, ки канали калони Фарғона барои таъмини заминҳои ҷамоатҳои Унҷӣ, Ёва ва Ғозиён, инчунин заминҳои хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев ва Раҳмон Набиеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо об хизмат мекунад.
Канали Фарғона солҳои 1939-1940 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 33 километри он аз ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегузарад.
Дар ҳашари дастаҷамъӣ, ки охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт, кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ёва, Ғозиён ва дигар шахсони хайрхоҳ саҳмгузорӣ намуданд. Дар ин рӯз кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, бахши ноҳиявии ҳифзи муҳити зист ва аҳолӣ дар умум 3 километри каналро аз ҳама гуна партовҳо ва ифлосиҳо тоза намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






