Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии кишвар, имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал ба кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ машғул мебошанд. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 7470 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад.
Ба иттилои Раёсати растанипарварӣ дар майдони 63911 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 85,6 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5144 гектар зиёд мебошад.
Дар ҷумҳурӣ то имрўз дар майдони 113 гектар кишти картошка, 5242 гектар сабзавот, 2884 гектар полезӣ, 2410 зироатҳои техникӣ ва дар 23 ҳазору 736 гектар кишти такрории хўроки чорво гузаронида шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






