Коҳиши боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар нимсолаи якуми соли равон ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 2 млн. 860 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта -364 ҳазор тонна ё 11,3 % кам мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев ироа намуд.
Боркашонии транзитӣ 486 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 245 ҳазор тонна ё 33,6 % кам шудааст.
Бино ба иттилои Б.Шодиев боркашонии худӣ 2 млн. 374 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119 ҳазор тонна кам мебошад. Содироти молҳои хоҷагии халқ 307 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 48 ҳазор тонна зиёд мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






