Конфронси байналмилалии илмӣ- амалӣ дар ДТТ

Июль 4, 2015 06:33

 Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-3-4 июли соли 2015 дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Бехатарии ҳаракат ва  фаъолияти инноватсионӣ дар      соҳаи нақлиёт»  конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур, ки ба ҳаёт ва фаъолияти докторони илм, профессорон А.М. Оев, О.К. Сангинов ва А.А. Турсунов бахшида шуд, натиҷа ва дастовардҳои илмӣ- амалӣ ва саҳми арзандаи устодон дар ташкили кор, идораи фаъолияти нақлиёт, масъалаҳои рушди роҳдорӣ, таъмини бехатарии нақлиёт  ва дигар масъалаҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтанд. Дар ҷараёни конфронс ҳолатҳои воқеии бехатарии ҳаракат ва  фаъолияти инноватсионӣ дар нақлиёт ва роҳҳо ҳаматарафа таҳлил  шуданд. Аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, ректори ДТТ ба номи М. Осимӣ  Ҳайдар Одинаев, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев, профессор Нодир Одилов ва дигарон оид ба ҳаёт ва  фвъолияти пурсамари аввалин доктори илмҳои техникӣ оид ба рушди нанотехнология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдулҳақ Оев ибрози назар карда, таъкид карданд, ки маҳз профессор Оев  тавонист дар як муддати кӯтоҳ оид ба инноватсия дар техникаи сохтмони роҳсозӣ, бехатарии сохтмон ва истифодаи иншооти нақлиётӣ, истифодаи битум ва тақвияти он дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, масолеҳ ва технологияи ҷадид дар сохтмони роҳҳо  ва дигар мавзуъҳои муҳим, ки имрӯз дар  нанотехнологияи  ҷаҳонӣ васеъ истифода мешаванд, корҳои илмӣ нависад ва барои истифода васеи онҳо дар истеҳсолот ҳуҷҷатҳои корбарӣ гирифт. Имрӯзҳо мувофики корҳои илмии доктори илмҳои техникӣ, профессор Абдулҳақ Оев дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корхонаи бузурги истеҳсоли асфалт фаъолият дорад ва ин корхонаҳо дар рушди инфрасохтори мамлакат таъсири муассир доранд.
 Дар конфронси байналмилалӣ инчунигн дар мавриди  фаъолияти профессорон А.А.  Турсунов ва О.К. Сангинов мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки аз рӯи корҳои илмии ин олимони тоҷик на танҳо дар Чумҳурии Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар- шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Алмаато, Бишкек низ тадқиқоти илмӣ гузаронида шуда, пешниҳодҳои онҳо дар истеҳсолот васеъ истифода мешаванд.

Июль 4, 2015 06:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад