Конибодом: заминҳои бекорхобида ба аҳолӣ тақсим шуданд
Хуҷанд, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷаласаи навбатии ситоди кормандони соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа вазъи корҳои имрӯзаи саҳроӣ, истифодаи оқилонаи об ва тақсимоти он ба хоҷагиҳо, пардохти маблағи оби истифодашуда, ҳолати истифодаи заминҳои бекорхобида, роҳҳои истеҳсоли судманди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва таъмини бехатарии озуқавории аҳолӣ баррасӣ шуданд.
Зикр шуд, ки имрӯзҳо вазъи корҳои саҳроӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар аксар самтҳои хоҷагии қишлоқ нишондиҳандаҳо назаррасанд. Аз ҷумла, маҳсулоти ғалладонагӣ нисбат ба соли гузашта 250 тонна зиёд ба даст омада, нақшаи истеҳсоли пилла дар вилоят аввалин шуда иҷро гардид.
Дар мавриди истифодаи заминҳои холимондаи мавзеи Тӯқай гуфта шуд, ки тамоми заминҳои бекорхобидаи ин минтақа ба шаҳрвандон ва хоҳишмандон тақсим шудааст ва деҳқонон аллакай аввалин ҳосили лӯбиёгиҳо, маҳсулоти полезӣ, сабзавот, хӯроки чорворо ба даст оварда истодаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






