Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар Темурмалик
Темурмалик, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Дар ноҳияи Темурмалик аз ҷониби ширкати «Строй-сервис Фикс» корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Маҳсулоти корхонаи мазкур ҷавобгӯ ба меъёрҳои аврупоӣ буда, нархи он нисбат ба маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридшаванда 35-40 дарсад арзон мебошад.
Тавре ки корманди корхонаи мазкур Фаррух Исматуллоев гуфт, дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Строй-сервис Фикс» даҳ номгӯй масолеҳи муосири сохтмонӣ мутобиқ ба меъёрҳои аврупоӣ истеҳсол мешавад.
Ба гуфтаи мавсуф, 80 фисади ашёи хоми маҳсулот аз дохили кишвар ва ҳамагӣ 20 фоизи дигар аз хориҷи мамлакат дастрас мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои Туркия харид ва насб шудаанд.
Ҳамзамон дар корхона кор дар як баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза беш аз даҳ тонна маҳсулот истеҳсол мегардад. Роҳбарияти корхона мақсад доранд дар оянда бо дастрас намудани таҷҳизот фаъолияти корхонаро васеъ ва шумораи коргаронро як баробар афзоиш диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






