Коромӯзии олимони хориҷӣ дар АИТ

Июль 9, 2015 09:20

Душанбе, 9.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар нимсолаи аввали соли равон  беш аз 60  корманди АИТ барои такмили ихтисос ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар гардид. Ин нуқтаро президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 9-уми июл зимни нишасти матбуотии академия иброз дошт.
Ба гуфтаи мавсуф, кормандон ҷиҳати коромўзӣ, иштирок дар конфронсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ ба сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд. 
Ҳамчунин бо даъвати Академияи илмҳои Тоҷикистон беш аз 30 намояндаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Россия, Олмон дар муассисаҳои АИТ коромўзӣ намуда, корҳои муштараки илмӣ анҷом додаанд, гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

 

Июль 9, 2015 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид