Кумаки Сарвари давлат ба зарардидагони мавзеи осебдидаи Шуғнон

Июль 20, 2015 11:45

Душанбе, 20.07.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардигони мавзеи осебдидаи деҳаҳои ноҳияи Шуғнон кумаки ғизоӣ фиристода шуд. Ин кумак аз 5 тонна орд ва 2 тонна маводи ғизоӣ, аз қабили биринҷ, қанду равған иборат аст. 
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маҳалли осебдидаи ВМКБ  иттилоъ медиҳад, аз оғози рух додани ин ҳодиса 3 чархболи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли осебдида  дар хизмати сокинони ин мавзеъ қарор дорад. 
Ба иттилои Алишер Лолазода, сарнишини яке аз ин чархболҳо, дар тӯли ин муддат ҳар як чархбол беш аз 30 маротиба парвоз анҷом дода, ҳам барои кӯчонидани мардум аз мавзеи осбдида, ҳам барои бурдани беморон ба марказҳои тиббӣ ва ҳам барои дастрас намудани маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ хизмат намудааст. 

 

Июль 20, 2015 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд