Кумаки шаҳрдори Хуҷанд ба маъюби гурӯҳи 1

Июль 7, 2015 11:32

Хуҷанд, 07.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки ба муносибати Рӯзи шахсони имконияташон маҳдуд, ки ҳамасола дар кишвар 8 июл таҷлил мешавад, тамоми шахсони маъюб аёдат карда шуда, ба онҳо кумаки яквақтаи моддӣ иборат аз маводи ғизоӣ расонида шавад.
Тавре ки аз дастгоҳи роҳбари шаҳр иттилоъ доданд, дар ин замина дирӯз шаҳрдори Хуҷанд шахсан барои дастгирии шахсони ниёзманд, чанд оилаи дорои шахсони маъюбро аёдат кард. Зимни аёдат аз оилаи сокини маҳаллаи Тиллокони шаҳр Шодимаҳмад Одинаев ва ҳамсари ӯ Оимнисо Бобоева, ки ҳарду маъюби гурӯҳи 1, яъне нобино мебошанд, раиси шаҳр дар баробари расонидани кумаки ғизоӣ, ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат хонаи мазкурро ки ба таъмири куллӣ ниёз дорад, аз таъмири хушсифат бароранд. Ҳамзамон бинобар тангии манзили зист оилаи Одинаевҳо, ки 8 нафар дар як хонаи дуҳуҷрагӣ иқомат доранд, то охири соли равон  бо супориши раиси шаҳр бо хонаи нави истиқоматӣ таъмин хоҳад шуд.

Июль 7, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд