Кумитаи рушди маҳал ба кор оғоз кард

Июль 14, 2015 06:46

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз бо иштироки кадрҳои болаёқат, ки дар асоси озмун ба хизмати давлатӣ сафарбар шудаанд, маҷлиси якуми кории Кумитаи рушди маҳал баргузор гардид.  Дар  он раиси кумитаи навтаъсис  Қосими Раҳбар мақсади Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ-ро, ки аз фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идораи маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳал ҷиҳати ноил гардидан ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҶТ иборат аст,  шарҳ дод. 
Кумитаи мазкур мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатро дар самти идораи рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳо миёни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, инчунин ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои марзию маъмуриро татбиқ хоҳад кард.
Дар маҷлис инчунин зикр гардид, ки кумита рӯзҳои наздик сомонаи худро таъсис хоҳад дод ва он дар оянда барои муоширату робита бо ҷамоатҳо мусоидат хоҳад кард. 
Раиси кумита дар маҷлис ба кормандони аввалин шаҳодатномаҳоро супорид ва кумита ба кор оғоз кард.  

 

 

Июль 14, 2015 06:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад