Куштори ҳамсар бо зарби корд
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 36-солаи ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гумонбаршуда 9 июл тахминан соати 12:30 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, бо ҳамсари 30-солааш ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагии дар дасташ буда, 2 маротиба ба қафаси сина ва қисмати шиками ҳамсараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






