Маҳфили адабии Мастон Шералӣ дар Панҷакент
Суғд, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Маҳмуд Аҳмадзода).- Тибқи нақшаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар деҳаи Зериҳисор-зодгоҳи шоир маҳфили шеъри шоири зиндаёд Мастон Шералӣ доир гардид.
Мастон Шералӣ аз зумраи шоирони навҷӯю навгарои тоҷик дар асри 20 аст, ки имрӯз бо сурудаҳои хеш қалби мардуми фарҳангдӯсту накуноми кишвар ва намояндагони халқиятҳои мухталифи оламро тасхир намуда, шеърҳои ӯ ба хонандагон ғизои маънавӣ мебахшанд.
Аҳли илму адаб, дӯсторони шеъри ноби тоҷикӣ, ҳунармандон дар маҳфили эҷодӣ доир ба хусусиятҳои хоси шеъри шоир сухан гуфтанд. Мастон Шералӣ дар ҷодаи шоирӣ бо сабку услуби хосса ба адабиёт ворид гардида, ашъори шоир бештар андеша аст. Маҷмӯаи шеърҳои ӯ «Мавҷҳои Зарафшон», «Илҳом», «Реша дар об», «Ситораҳо», «Ташна», «Суруди роҳ», «Ихлос» буда, шеърҳояш чун чашмаи ҷӯшон аз қаъри дили ӯ фаввора задаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






