Маҳмадҷон Ҳабибуллоев-сармураббии “Равшан” аз вазифа рафт
Душанбе, 04.07.2015,(АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон).-Дирӯз сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз вазифааш даст кашид. Дар ин бора худи ӯ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст ва гуфта, ки ин тасмим баъд аз як вохӯрӣ бо президенти клуби “Равшан”-и Кӯлоб Музаффар Исҳоқов гирифта шуд. Ба қавли ин мутахассиси 50-сола, ҳоло шартномаи фаъолияти ӯ бо ризоияти ду тараф пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ сармураббии дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд.
Хотиррасон менамоем, ки истеъфои Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар чемпионати имсолаи футболи мамлакат нахустин мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки зери роҳбарии ӯ дастаи “Равшан” дар қисми аввали чемпионат нӯҳ бозӣ гузаронид, ки дар чортои он ғолиб ва дар сетояш мағлуб шуда, ду вохӯриро мусовӣ анҷом дод. Бояд зикр кард, ки дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб баъди қисми якуми чемпионат бо 14 имтиёз дар зинаи панҷуми ҷадвали чемпионат қарор дорад.Бояд гуфт, ки дастаи “Равшан” нисбат ба дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки зинаи сеюми ҷадвали мусобиқаро ишғол мекунад, ҳамагӣ ду имтиёз камтар дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






