Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон ба Франкфурт меравад
Душанбе, 31.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз, 31-уми июл, дар як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт бо роҳҳои омодагӣ ба намоишгоҳ ва иштироки фаъолу манфиатнок дар он шинос шуданд. Намояндагони Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, ширкатҳои “Рухом”, “Умед”, “Суман”, “Мумтоз”, Ҷаҳоннек” ва “Озара” дар давраи омӯзишӣ иштирок карданд.
Ин бори дуюм аст, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байналмилалии молҳои истеъмолӣ — Ambiente, ки аз 12-ум то 16-уми феврали соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳи байналмилалии Ambiente дар шаҳри Франкфурти Олмон ёрӣ мерасонад.
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз 90 кишвар ва тақрибан 145 ҳазор меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он чандин чорабинии дигар гузаронида мешавад, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд.








16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад






