Марги 6 нафар дар як ҳамлаи террористӣ дар Сомалӣ
Душанбе, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Манбаъҳои хабарӣ аз вуқӯи як ҳамлаи террористӣ ва кушта шудани 6 нафар дар Магодишу, пойтахти Сомалӣ хабар додаанд. Бинобар гузориши «Пресс ТВ» ба нақл аз полиси Магодишу, ин таркиш тавассути як мошини бомбагузошташуда дар меҳмонхонаи «Ҷазира», ки маҳалли иқомати мақомоти давлатӣ ва дипломатҳои хориҷӣ аст, анҷом дода шудааст. Тибқи гузориши «Пресс ТВ» гурӯҳаки террористии «Аш-шабоб», мансуб ба «Алқоида» масъулияти таркишро бар зиммаи худ гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






