Масъалаҳои ҳалталаби селексияи зироатҳои кишоварзӣ
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-«Масъалаҳои ҳалталаби селексияи зироатҳои кишоварзӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо»-таҳти чунин унвон имрӯз, 1 июл сессияи илмӣ баргузор гардид. Он бо ташаббуси Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фаъолияти илмию ҷамъиятии академики шинохтаи кишвар, селексионери машҳур Бобо Сангинов доир шуд.
Иштирокчиёни сессияи илмӣ аз ҳаёт ва фаъолияти академик Бобо Сангинов ва саҳми ў дар рушди илми тоҷик сухан карданд.
Академик Бобо Сангинов аз ҷумлаи олимонест, ки бо кашфиёти беназираш дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, бахусус пахтакорӣ ва зироатпарварӣ ҳамчун давомдиҳандаи мактаби илмии академик В.П.Красичков муаррифӣ гардидааст. Ба қалами Бобо Сангинов зиёда аз 300 асари илмӣ тааллуқ дошта, ӯ муаллифи беш аз 20 кашфиёту ихтироъкорӣ мебошад.
Дар натиҷаи фаъолияти бисёрсолаи худ Бобо Сангинов навъҳои пахтаи серҳосили ба касалӣ тобовар ва дорои сифати баланди нах, ба монанди 5595-В, 6465-В, 6249-В, 8386-В, 8375-В ва ғайраро офаридааст. Инчунин ў ҳамчун селексионер навъҳои пахтаи маҳиннахи 9326-В ва 8809-В бо нахи типи дуюм, ки ба бемориҳои вилти фузариозӣ ва пўсиши сиёҳи реша тобовар аст, навъҳои юнучқаи В-233, В-300 ва В-416, ҷави В-116, В-128, соргои В-10, В-129, берсими Хатлон -3 ва дигар зироатҳоро ихтироъ намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






