Машварат доир ба татбиқи қонуни савдо ва хизматрасонии маишӣ
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-21 июли соли равон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки мутахассисони бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мақомоти дахлдор вобаста ба танзими савдо ва хизматрасонӣ, инчунин роҳбарони марказҳои савдо ва бозорҳои вилоят ҷаласаи машваратӣ доир гардид.
Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ташаббуси масъулин дар самти рӯ ба рӯ бо намояндагони соҳаҳои дахлдор баррасӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро бешак омили таъсиррасон ба рушди соҳа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ арзёбӣ намуд.
Сипас, аз ҷониби аъзои Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ, сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо-Зуҳриддин Кенҷаев ва гурӯҳи коршиносон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба таври комил муаррифӣ гардид. Дар идома З.Кенҷаев афзуд, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва БРСММ дар доираи лоиҳаи минтақавии Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






