Меҳмонии ҷавонони Бадахшон дар Суғд
Душанбе, 01.07. 2015. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Дар даври дуюми чорабинии «Меҳмонии ҷавонони Бадахшон» 22 нафар ҷавон аз табақаҳои гуногуни ВМКБ дар давоми 3 рўз дар хонадони сокинони Суғди бостон меҳмон шуданд. Чорабинӣ бо мақсади таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва якдиливу ҳамовозии тамоми ҷавонони минтақаҳои кишвар бо як барномаи мукаммал аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ором ва ваҳдату истиқлолияти комили кишвар роҳандозӣ гардид.
Зимни будубош ҷавонон бо расму оин, урфу одат, анъана, пухтани таомҳои миллӣ ва зиндагонии дӯстони ҳамтои худ шинос шуда, баҳри таҳкими дўстиву рафоқат ва арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгон мубодилаи афкор намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки як ҳафта пеш меҳмонии ҷавонони шаҳри Душанбе ба минтақаи Рашт сурат гирифта буд.
Чунин дидорбинӣ ба дигар минтақаҳои кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






