ММТ: Иваз кардани нусхаи ҷавобҳои масъалаҳои тести қисми А
Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки дар ҷавоби яке аз масъалаҳои тести фанни математикаи қисми А (имтиҳони умумӣ)-и даври иловагии дар сомонаи Марказ гузошташуда баъд аз нашр кардан хатои техникӣ маълум гардид. Ҷавоб ба масъалаи тест, ки дар он хатои техникӣ маълум гардид, дар шакли ислоҳшуда дар зер нишон дода шудааст.
Масъалаи 1.
Сайёҳ дар 3 рӯз 60 км роҳ рафт. Рӯзи якум 40%-и тамоми роҳ ва рӯзи дуюм 50%‑и роҳи боқимондаро тай кард. Ӯ рӯзи сеюм чанд километри роҳро паймуд.
Ҷавоб:18 1 хол
Гуфта мешавад, ки ҷавоб ба масъалаи 1-и математикаи қисми А-и даври иловагӣ, ки 18 уми июл дар сомонаи Марказ гузошта шуда буд, пас аз маълум гардидани хатои техникӣ — 30 юми июл иваз карда шуд. Аз ин лиҳоз, барои санҷидан нусхаи ҷавобҳои рӯзи 30 юми июл гузошташударо истифода намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






