ММТ: натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2015
Душанбе, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумот дар бораи натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар як довталаб, ки дар вақти бақайдгирӣ шумораи онро нишон додааст, SMS-паёмаки ройгон бо маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо фиристода шуд.
Ба иттилои манбаъ, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳо ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродии довталаб гузошта шудааст. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 8‑уми августи соли равон доир мегардад, маълум мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД!”, ки ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст, дарҷ гардида бошад, пас, довталаб бо сабаби ба як ё якчанд субтест соҳиб нагардидан ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст.
Дар баробари роҳҳои мазкури дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳар як довталаб имкон дорад, ки ба воситаи телефони мобилии худ SMS-паёмаки пулакиро бо дархост (матни) “t<рақами назоратӣ>” ба рақами кӯтоҳи 1617 фиристода, дар бораи натиҷаҳои имтиҳони худ маълумоти мухтасар гирад.
Гуфта мешавад, ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталабро зарур аст, ки холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо)-ро аз ҳар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳон) соҳиб гардад. Бо қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24‑уми июли соли 2015, № 17/1 холҳои гузариш барои ҳар як субтест ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат муқаррар гардидаанд.
Инчунин бо қарори мазкур холи гузариш барои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат 50 хол муқаррар шудааст (новобаста аз ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои мазкурро талабмекарда ва муассисаҳои таълимӣ).
Тавре ки довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода шуда, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст. Ҳар як довталаб имкон дорад, ки холҳои бадастовардаашро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиаш ҷойдошта муқоиса намояд.
Лозим ба қайд аст, ки дар дафтар (офис)-и асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои иттилоърасонӣ ташкил шудаанд. Дар вақти зарурат довталабон метавонанд вобаста ба макони зисташон ба яке аз нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






