Мо, ҷавонон, ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Тавре ки қаблан хабар додем, беш аз 150 ҷавон аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои иштирок дар семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ- ифротгароӣ » бо шиори «Мо Бадахшон меравем » ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтанд. Мақсад аз баргузории семинар пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, огоҳ намудани онҳо аз мақсаду ҳадафҳои гурӯҳҳои ба ном исломӣ, баланд бардоштани ҳисси миллию худшиносӣ ва ба ин васила мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҷараёни семинар назари чанд ҷавонро вобаста ба мавзуъ пурсон шуд.
Муҳсин Муродов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иброз дошт, ки аз дирӯз то имрӯз ӯро таассуроти аҷибе фаро гирифтааст, чунки бори аввал ба Бадахшон-Боми ҷаҳон сафар намудааст ва аз мавзеъҳои таърихиву ҷойҳои зебои он дидан мекунад. Мақсади сафари мо,-мегӯяд ӯ,- гузаронидани семинари илмӣ-амалӣ оид ба ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷавонон аст. Ин гуна семинарҳо метавонанд дӯстии ҷавононро боз ҳам қавитар намоянд. Бояд зикр намуд, ки аксари фаъолони ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҷавононе, ки имрӯз ҳукумат ва давлат бо ҳазор умед такя ба онҳо мекунанд ва ояндаи Тоҷикистонро маҳз дар дасти ин табақаи бонуфузи аҳолӣ мебинанд. Имрӯз дар шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, парлумони кишвар, судҳо ва дигар табақаҳо сафи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавонон хеле зиёд аст. Ва ин баёнгари он аст, ки имрӯз ҷавонон дар чунин фазои сулҳу субот ва озодӣ метавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар рафта, дӯстии худро боз ҳам ривоҷ диҳанд, дӯстони нав пайдо кунанд ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Аммо афсӯс, ки бо вуҷуди ин қадар имкониятҳои васеъ аксари ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомиш мешаванд, ки ин боиси нигаронии падару модар, хешу табор ва дӯстон, дар маҷмӯъ боиси нигаронии тамоми халқи тоҷик гаштааст ва ин теша бар решаи худ задан аст.
Давлати Мардихудо, донишҷӯи курси сеюми ДМТ дар робита ба ин масъала гуфт: бо шукргузорӣ аз истиқлолияти кишвар ва пойдории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон гуфт, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвар, махсусан мо ҷавонон дар як даврони осуда зиндагӣ дорем ва мо ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минатдорӣ баён мекунем. Мо бояд барои ободии ватан, диёр, хонаю дари худ пайваста талош варзем, чунки ин ватанро гузаштагон ба мо мерос монданд, то мо онро ободтар созем ва тавонем ба насли оянда аз худ як давлати орому осуда боқӣ гузорем,- зикр кард Давлати Мардихудо, донишҷӯи курси сеюми ДМТ.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷараён дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






