Муғулои поёнро Меҳробод ва Чағатайро Шодоб карданд
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-51 деҳа дар ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Вахш табдили ном кард. Дар ин росто 21 июл аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷараёни иҷлосияи дуюми палатаи болоии Парлумони мамлакат пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ноҳияҳои мазкурро тасдиқ намуданд.
Тибқи он дар ноҳияи Варзоб 6 деҳа, ки номи аксарияташ бо вожаи туркӣ ифода ёфтааст, тоҷикӣ карда шуд. Аз ҷумла, номи деҳаи Муғулои поён ба Меҳробод, Чағатай ба Шодоб, Чормағзакони тоҷик ба Чормағзакони боло, Чормағзакони ӯзбек ба Чормағзакони поён, Тойқара ба Гулбоғ, Қулмаҳмадӣ ба Яккачашма иваз карда шуд. Ин деҳаҳо дар ҳудуди ҷамоати Чорбоғ ва ба номи С. Айнӣ қарор доранд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






