Мулоқот дар доираи Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015»
Хуҷанд, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар доираи баргузории Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015», ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 24-25 июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, мулоқоти соҳибкорони шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти корхонаҳои бонуфуз ва шаҳрдории шаҳри Могилеви Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин соҳибкорони маркази вилоят,ки дар соҳаҳои сохтмон, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, нону қаннодӣ, чӯбу тахта, алюминӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ фаъолият доранд, ширкат намуданд.
Пас аз мулоқот ҳайати соҳибкорони Беларус ба гурӯҳҳо тақсим шуда, барои идомаи гуфтугунид, шиносоии бевосита ва баррасии ҳамкорӣ аз якчанд коргоҳи истеҳсол ва коркарди чӯбу тахта, маҳсулоти ордию қаннодӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ширкатҳои сохтмонии шаҳри Хуҷанд дидан карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






