Мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар шаҳри Уфа
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Уфа, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Владимир Путин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Уфа хайра мақдам гуфта, ба рушди муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки соли гузашта, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ дар Аврупо, ҷаҳон ва худи Русия, гардиши мол миёни ду кишвар 21% афзун гардид.
Сарвари Русия ҳамчунин ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла ба машқҳои муштараке, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гардид, баҳои баланд дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор дошт: “Барои Тоҷикистон муносибот бо Федератсияи Русия афзалияти хосу устувор дорад ва ин ҳолат дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвари мо таҳкими ҳуқуқӣ ёфтааст”. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи хос ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Русия дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муқовимат ба муборизаҳои иттилоотӣ бояд ҳамгироии устувору муттасил дошта бошанд.
Изҳори умед карда шуд, ки нақшаю барномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар самти расондани кумакҳои техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро мешаванд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории иқтисодӣ ба Федератсияи Русия ёдовар шуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки “Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буд ва ҳаст, зеро қариб 50% сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба кишвари шумо рост меояд”. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки “ин нишондоди мусбӣ бояд натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки афзун гардад”.
Мавзӯъи муҳими дигари суҳбат баррасии мушкилоти вобаста ба фаъолияти муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Федератсияи Русия буд. Аз иҷозати дубораи воридшавӣ ба Русия гирифтани як зумра шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан донишҷӯёни тоҷик, изҳори қаноат карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки корҳо барои додани сабукиҳои дигар ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва ҳам танзими ҳуқуқии ин раванд бояд идома ёбад.
Дар робита ба ин мавзӯъ ба авфи муҳоҷирони корие, ки 2 ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, қонунигардонии будубоши онҳое, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ шумурда мешаванд ва соддагардонии тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва дароз кардани муҳлати бақайдгирии донишҷӯёни тоҷик пас аз воридшавӣ ба ҳудуди ин кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба густариши ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва мавзӯъҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






