Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо роҳбари «Россотрудничество»
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо роҳбари созмони «Россотрудничество»-и Федератсияи Русия Любов Глебова мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии федеролии Федератсияи Русия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ «Россотрудничество» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуманитарии дуҷониба бо Федератсияи Русия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зиёди амалӣ андешида мешаванд.
Ҷонибҳо, аз ҷумла доир ба омўзиш ва азхудкунии забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, баланд бардоштани савияи тахассусии омўзгорони забони русӣ, интишори дастуру адабиётҳои таълимӣ бо ин забон ва беҳдошти сифати чопи онҳо, мусоидат ба фаъолсозии кори шўроҳои дисертатсионӣ, ҷудо намудани квотаҳо дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия барои таҳсил дар зинаҳои магистратураю аспирантураи фанҳои дақиқ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони рўсӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ табодули афкор намуданд.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқи худро ба густариши ҳамкории бисёрҷанба таъкид доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






