Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 июли соли 2015 дар Пекин дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов музокироти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.
Дар рафти музокирот доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва рушди захираҳои башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зарурати идомаи ҳамоҳангсозии бештар миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби раҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин қабул гардида буданд, таъкид гардид.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, рағбати худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъият дар Афғонистон зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми музокирот ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин, ки бемайлон густариш меёбанд, баҳои баланд доданд.
Музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод, ки хосси муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин мебошад, баргузор шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






