Мусофирони Mercedes дар дарёи Фон бедарак шуданд
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мусофирон Гулҷаҳон Ҳусейнова, соли таваллудаш 1986, Майрам Ҳусейноваи 2-сола ва Салмон Ҳусейнови 4-сола, сокинони ноҳияи Зафаробод бо мошини тамғаи Mercedes ба дарёи Фон сарозер гардида, бедарак шудаанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, 30 июни соли равон тақрибан соатҳои 17-00 дар километри 95-уми шоҳроҳи мошингарди Хуҷанд -Душанбе дар мавзеи деҳаи Такфон, ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи Mercedes, рақами давлатиаш 2816 ВС 01 РТ, ки аз самти Хуҷанд ба тарафи Душанбе ҳаракат мекард, бо сабабҳои номаълум ба дарёи Фон афтид.
Дар натиҷа ронанда Баҳридин Сатторов осеб наёфта, мусофир Азизмурод Ҳусейнов, сокини ноҳияи Зафаробод дар беморхона бистарӣ гардид. Дар бораи се мусофири дигар ягон иттилоъ нест.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






