Н. Саид: «Ба квотаи президентӣ 21 ҷой илова гардид»
Душанбе,6.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Соли таҳсили 2015-2016 мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 1 ҳазору 312 ҷой, аз ҷумла барои духтарон 678 ҷой ва барои писарон 634 ҷой ҷудо гардид. Имсол дар нақшаи қабули соли таҳсили 2014-2015 21 ҷой илова гардидааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид иброз дошт.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






