Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Душанбе 10.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулхамид).-Аз 4- ум то 6- уми сентябри соли равон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии пойтахт намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бахшида ба Рӯзи китоб доир мешавад. Намоишгоҳ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, дар намоишгоҳ муассисаҳо ва ширкатҳои табъу нашр, тоҷирону фурӯшандагони маводи чопӣ, созмонҳои адабӣ ва иттилоотии ватанию хориҷӣ иштирок намуда, китобҳои тозанашр, рӯзномаю маҷаллаҳо, албому мусаввараҳо ва дигар маводи интишорӣ, ҳамчунин таҷҳизоти муосири полиграфиро ба маърази намоиш мегузоранд.
Номаҳои дархостӣ барои иштирок дар Намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бояд на дертар аз 20- уми август фиристода шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






