Намоиши минтақавии савдо «Суғд-2015»
Хуҷанд, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-24-25 июл дар шаҳри Хуҷанд Намоиши минтақавии савдо «Суғд-2015» бори дуввум баргузор мегардад, ки истеҳсолкунандагони маҳаллӣ имкон доранд маҳсулоти тавлидотии хешро пешкаши зиёда аз 300 намояндагии олами тиҷорат аз 17 кишвари хориҷии дуру наздик намоянд.
Ҳамзамон дар ҷараёни намоиши мазкур дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши чорумини байналмилалии тиҷорат ва сармоягузорӣ таҳти унвони «Имкониятҳои содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» доир шуда, дар кори он намояндагон аз 14 созмони ҷаҳонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва кормандони васоити ахбори умум иштирок меварзанд.
Дар намоиш маҳсулоти тайёри соҳоти саноати сабук, бофандагӣ ва сохтмон ба намоиш гузошта мешаванд. Бори нахуст иштирокдорони чорабинӣ имконият доранд бо маҳсулоти зиёд ва гуногуни ҳунармандони халқӣ ошно шаванд.
Соли равон дар ин намоиш дар баробари истеҳсолкунандагони шимоли мамлакат маҳсулоти самти коркарди хӯроквории соҳибкорони вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ низ пешниҳод хоҳанд шуд.
Ҳадаф аз намоиши маҳсулот ва ҳамоиши байналмилалӣ ҳарчи бештару тезтар муҳайё кардани шароити ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ширкатҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар заминаи узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






