Намояндагони ММ дар СК ва ША интихоб шуданд
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Фарҳод Раҳимӣ, ки дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва президенти Академияи илмҳои ҷумҳурист, намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бахтиёр Худоёрзода намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон буда, соли 2000 таъсис шудааст ва 33 аъзо дорад. 25 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру вилоятҳои кишвар ва 8 нафар бо Фармони Президенти кишвар таъйин мешаванд. Президенти нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии Маҷлиси миллист.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






