Намояндаи Раёсати СММ: Ҳамкорӣ бо СҲШ-ро хеле хуб қадрдонӣ мекунем
Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар»,).-Муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Ҷеффри Фелтман ин созмони ҷаҳониро дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки дар шаҳри Уфаи ФР сурат мегирад, намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС сухангӯи муовини дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ иттилоъ додааст. Ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии Раёсати СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ нишаст баргузор гардид, ки дар он масъалаи ҳамкорӣ бо СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки дар хабар омадааст: СҲШ шарики боэътимод барои СММ маҳсуб мешавад, аз ин хотир ҳамкориро бо ин созмон, хусусан дар самти дарёфти ҳалли муноқишаҳо ва пешгирии низоъҳо боз ҳам бештар тақвият мебахшанд. Миёни мо (СММ ва СҲШ) муҳимтарин масъалаҳо, аз ҷумла вобаста ба амалиёти неруҳои посдори сулҳ, мусоидат ба фаъолияти худ, инчунин баҳогузорӣ оид ба вазъи минтақа пайваста мукотибот сурат мегиранд. Мо ин ҳамкориро хеле хуб қадрдонӣ мекунем, изҳор доштааст намояндаи Раёсати СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Франтсеск Кларет.
Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 9-10-уми июл дар шаҳри Уфаи ФР баргузор мегардад. Интизор меравад як зумра қарорҳои муҳим, аз ҷумла барномаи маҷмӯии рушди созмон то соли 2025 қабул гардад ва ҷараёни пайвастани Ҳиндустону Покистон ба созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор гирад.
Дар айни замон аъзои СҲШ — Русия, Ҷумҳурии мардуми Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба шумор рафта, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Муғулистон мақоми нозир ва Беларус, Туркия, Шри-Ланка шарикони гуфтугӯ дониста шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






